Модар. Суруди точики дар васфи модар аз Хасан Хайдар. Суруд дар бораи модар бо матнаш.
ОБУНА ШАВЕД | Like Гузоред | Паҳн кунед
Дигар сурудхои Хасани Хайдар mp3:
Матни суруди "Модар" аз Хасани Хайдар:
Дар дунё... ширинтар аз лафзи модар...
гармтар аз меҳри модар...
сахттару пурмеҳртар аз қалби модар...
чизе нест...!Модар маро бизоду ба сад ноз парварид
Аз баҳри ман фароғату осоише надид
Бори гарони заҳмати фарзандро кашид
Бори гарони заҳмати фарзандро кашид
То ман забон кушодаму бо по равон шудам
То ман забон кушодаму бо по равон шудамДар пеши пои модари худ саҷда мекунам
Худро ғулому чокару ҳам банда мекунам
Дар пеши пои модари худ саҷда мекунам
Худро ғулому чокару ҳам банда мекунамАз файзи лутфу гарми меҳраш шудам калон
Дар шоҳроҳи зиндагӣ нав шудам равон
Ин аст к-аз самими дилу эътиқоди ҷон
Ин аст к-аз самими дилу эътиқоди ҷон
Дарси ҳаёт хондаму бас нуктадон шудам
Дарси ҳаёт хондаму бас нуктадон шудамДар пеши пои модари худ саҷда мекунам
Худро ғулому чокару ҳам банда мекунам
Дар пеши пои модари худ саҷда мекунам
Худро ғулому чокару ҳам банда мекунам
модарам | скачать модарам | падар модар | суруди модар | песня модар | барои модар